ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз 1 октябр нархи зангҳои баромадро ба Русия боло мебаранд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Tcell.
"Мувофики қарори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-и августи соли 2012, инчунин тағйир ёфтани қурби асъор аз лахзаи ба имзо расидани қарори мазкур, арзиши зангҳо ба Федератсияи Русия аз нав дида баромада шуда, аз 1-и октябри соли 2016 як дақиқаи занги содиротӣ ба самти мазкур 1 сомонӣ бо назардошти андозҳо ҳисобида мешавад",-омадааст дар иттилоия.
Бо ҳамин тартиб аз 1 октябри соли 2016 нархи зангҳои баромад ба Русия боло рафта, 1 дақиқаи тамос бо дарназардошти андоз 1 сомонӣ нарх хоҳад дошт. Бояд қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир нархи 1 дақиаи тамос бо Русия 0,69 сомонӣ мебошад.
Дар баробари ин дар "Мегафон Тоҷикистон" низ қайд мекунанд, ки аз 1 октябр арзиши як дақиқаи занг ба Русия бо назардошти андозҳо 1 сомониро ташкил медиҳад.
Нархи 1 дақиаи занг аз рақами "Билайн" дар Тоҷикистон ба рақами "Билайн" дар Русия бо назардошти андозҳо 1 сомонӣ ва зангҳо ба дигар операторони алоқаи мобилии Русия гаронтар — 1.10 сомониро ташкил хоҳад дод.