Додгоҳи Омск нисбати панҷ тоҷикистонӣ ҳукм баровард

Обуна шудан
Мувофиқи маълумоти мақомоти назорати Русия, шаҳрвандони Тоҷикистон пешакӣ дар бораи надоштани ҳуқуқи убури сарҳади Русия хабар доштаанд, вале ғайриқонунӣ сарҳади ин кишварро убур кардаанд

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Бо иттиҳоми убури ғайриқонунии сарҳади Русия панҷ шаҳрванди Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Додгоҳи шаҳрии Омск Фирӯз Бобомуродов, Файзиддин Кенҷаев, Обидҷони Нурализода, Садридин Сатторов, Неъматулло Фаридуниро ба убури ғайриқонунии сарҳид Федератсияи Русия муттаҳам кардааст.

"Додгоҳи  Исилкули вилояти Омск панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро дар убури ғайриқонунии марзи Русия муттаҳам карда, Бобомуродов, Сатторов ва Кенҷаевро ба муддати як сол ва Нурализодаю Фаридуниро ба муддати 1 солу 1 моҳ аз озодӣ маҳрум кард",-омадааст дар хабарнома.

Дастгир шудани гумонбар. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Осетияи Ҷанубӣ дастгир шуданд

Мувофиқи маълумоти мақомоти назорати Русия, санаи 27-уми ммайи соли 2016 шаҳрвандони Тоҷикистон дар қатори самти Петропавловск бо ҳам ошно шуда, маслиҳат кардаанд, ки Русия мардикорӣ мераванд.

Бино ба маълумоти мақомоти назорати ФР, шаҳрвандони Тоҷикистон пешакӣ дар бораи надоштани ҳуқуқи убури сарҳади Русия хабар доштаанд, вале ғайриқонунӣ сарҳади ин кишварро убур кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0