Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Осетияи Ҷанубӣ дастгир шуданд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкДастгир шудани гумонбар. Акс аз бойгонӣ
Дастгир шудани гумонбар. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷурми ғайриқонунӣ қарор доштан дар қаламрави ин минтақа дастгир гардиданд. Ва акнун ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд, гуфтанд дар Кумитаи амнияти давлатии Осетияи Ҷанубӣ.

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Кормандони Кумитаи амнияти давлатӣ ва хадамонти муҳоҷирати меҳнатии ВКД панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро барои ҳузури ғайриқонунии онҳо дар қаламрави ин минтақа дастгир намуданд, иттилоъ медиҳад Sputnik Осетияи Ҷанубӣ бо такя ба дафтари матбуотии кумита.

Кумитаи амнияти давлатӣ ва муҳоҷиратии ВКД муштаракан ва мунтазам амалҳои вижаи ҷустуҷуиро дар мубориза бо ҳузури ғайриқонунии муҳоҷирон баргузор менамоянд.

Дастбанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрванди ҶТ барои даъват ба амалҳои террористӣ дар ФР муттаҳам гардид

"Дар пайи омӯхтани ҳодиса маълум гардид, ки се нафари онҳо дар қаламрави Осетияи Ҷанубӣ ғайриқонунӣ қарор дошта, ду нафари дигар ихтиёран суроғаи истиқоматии қаблан изҳордоштаро иваз намудаанд",-гуфт намояндаи хадамоти матбуотӣ.

Кумитаи амнияти давлатии Осития Ҷанубӣ ҳамаи тарафҳои ҳодисаро меомӯзад.

Дар кумита қайд намуданд, ки ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ бо суроғаи истиқоматии қаблан аз ҷониби қабулкунанда изҳоршуда бояд зиндагӣ кунад.

Дар сурате, ки ҷои истиқоматӣ бо суроғаи қаблан аз ҷониби қабулкунанда изҳоршуда баробар наояд, қабулкунандаро натанҳо ҷавобгариии маъмурӣ балки ҷиноятӣ интизор аст. Маблағи ҷарима метавонад то ним миллион рубли русӣ расад.

Лентаи хабарҳо
0