ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Эҳтимол аст, ки ҳукумати шаҳри Маскав масъалаи гузоштани муҷассамаи президенти аввалини Узбакистон Ислом Каримовро, ки санаи 2-сентябри соли равон аз олам даргузшт, муҳокима кунанд, хабар медиҳанд, ВАО-и Маскав.
"Барои гузоштани муҷассама ба президенти нахустини Ҷумҳурии Узбакистон, Ислом Каримов ариза аллакай навишта шудааст",-гуфт раиси комиссиаи санъати ҳайкалтарошӣ Игор Воскресенский.
Ба гуфти ӯ муҷассама дар боғи назди сафоратхонаи Узбакистон дар ноҳияи Полянкаи шаҳри Маскав гузошта мешавад.
Воскресенский қайд кард, ки эҳтимол аст, дар ҷаласаи навбатии комиссиаи ҳайкалтарошон, ки моҳи декабр доир мегардад, ин мавзӯъ баррасӣ шавад.
Президенти аввалини Ӯзбакистон Ислом Каримов санаи 2-уми сентябр дар синни 78-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯро дар зодгоҳаш дар шаҳри Самарқанд ба хок супориданд.