ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik.Дар давраи ниҳоӣ — давраи 25-уми мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон, дастаи "Истиқлол"- и Душанбе ва "Ҳосилот"-и Фархор дар майдон во мехӯранд. Ин ду даста дар давраи ниҳоии Ҷоми кишвар бори аввал сабқат мекунанд. Бозӣ санаи 5-уми ноябр баргузор мешавад.
Дар давраи нимниҳоии мусобиқа дар Кӯлоб тими "Истиқлол" бо дастаи Равшан, бо ҳисоби баробар 0:0 бозиро ба итмом расониданд. Аммо дастаи пойтахт аз ҳисоби ғолибияти пештари хеш ба финал мебарояд ва бо дастаи "Ҳосилот" бозӣ мекунад. Дастаи Фархор бошад дар давраи нимниҳоӣ тавонисааст, ки тими "Хуҷанд"-ро мағлуб созад: 2:1
Соли гузашта дастаи "Истиқлол" бори панҷум ва се сол пайи ҳам, гирандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид. Дар майдон "Истиқлол" барои ин ҷом бо дастаи "Регар-ТадАЗ" мубориза бурд.
Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 гузаронида мешавад ва аввалин гирандаи ҷом дастаи "Помир"-и Душанбе мебошад. Давраи ниҳоии ҳозираи Ҷоми миллӣ 25-умин бозии даврони истиқлолияти кишвар ба ҳисоб меравад ва дар тӯли ин солҳо 10 даста ҷоми мазкурро соҳиб гардидаанд: "Регар-ТадАЗ"- 6 маротиба, "Истиқлол"-5, "Хуҷанд"-3, "Вахш", "Парвоз", "Варзоб"- 2 маротиба, "Помир", "Равшан", "Ситора"ва "Пахтакор" як маротиба.