ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. "Истиқлол"-и Душанбе бори дигар бо иродаи мустаҳкам бо ҳисоби калон ғолибиятро ба даст овард. Дар бозӣ бо "Парвоз" мунтахаб бо ҳисоби 8:2 ғолиб омад.
"Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Вохӯрии "Истиқлол ва "Парвоз" бо ҳисоби 8:2 ба фоидаи "Истиқлол" анҷом ёфт",-омадааст дар хабарнома.
Акнун барои ба даст овардани унвони қаҳрамон, Истиқлолро мебояд дар се бозии дарпешистода чор холи дигарро аз худ кунад. Бозии навбатии "Истиқлол"-и Душанбе санаи 15-уми октябр бо дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода дар назар аст.
Қаблан дар даври бозии нимфиналӣ "Истиқлол" бо ҳисоби 4:0 бар дастаи "Равшан" ғолиб омада буд.