Тоҷикистон ва Қазоқистон созишномаи тоза ба имзо расониданд

© Sputnik / Алексей Бабушкин / Гузариш ба медиабонкБинои парлумони Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ
Бинои парлумони Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи ҳуҷҷат муколамаи дипломатии ду кишвар, ҳамкориҳои тарафайн дар масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва мушкилиҳои мубрами байналмиллалӣ такмил бахшида мешавад

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев қарор "Дар бораи тадқиқи шартномаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қазоқистон"-ро ба имзо расонид.

Дастфишонӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қазоқистон тавсиби созишномаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро тасдиқ кард

Мақсади шартномае, ки 14-уми сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе имзо гардидааст, муносибатҳои кишварҳоро бо сатҳи ҳамкориҳои стратегӣ баробар намудан, мебошад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хадамоти матбуоти раисҷумҳури ҶҚ.

Тибқи ҳуҷҷат муколамаи дипломатии ду кишвар, ҳамкориҳои тарафайн дар масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва мушкилиҳои мубрами байналмиллалӣ такмил бахшида мешавад

Мувофиқи хулосаҳои кумитаи палатаи болоии парлумон оид ба муносибатҳои байналмиллалӣ, мудофиа ва амният тарафайн ӯҳдадориҳои истифода накардан аз зӯроварӣ ва ё таҳдидро тасдиқ мекунанд, бо мақсади таҳкими сулҳ ва амният ҳамкорӣ намуда, якҷоя бо хатарҳоим байналмиллалӣ мубориза мебаранд.

Мувофиқи шартнома кишварҳо дар соҳаҳои  ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ, савдо, соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ муносибатҳои худро тақвият медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0