Қазоқистон тавсиби созишномаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро тасдиқ кард

© Sputnik / Wong Maye-EДастфишонӣ. Акс аз бойгонӣ
Дастфишонӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тарафҳо дар соҳаҳои ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ, ҳамчунин мудофиаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ карда, ба соҳаҳои илм, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш диққати махсус медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik.Вакилони палатаи поёнии Қазоқистон лоиҳаи қонун "Дар бораи тасдиқи созишнома дар бораи ҳамкориҳои стратегӣ байни Қазоқистон ва Тоҷикистон"-ро тасдиқ намуданд.

"Шартномаи ҳамкориҳои стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон санаи 14-уми сентябри соли 2015 дар Душанбе баста шудааст. Мувофиқи шартҳои созишнома тарафҳо дар асоси баробарӣ,  ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории стратегӣ муносибатҳои хешро бунёд мекунанд ",- омадааст дар хулосаи кумитаи палата оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ, мудофиа ва амният.

Донишҷӯён дар дарс. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қазоқистон 97 довталаби тоҷикро ба таҳсил даъват мекунад

Дар ҳуҷҷат қайд карда мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани вазъияти ба амнияти ду кишвар ва ё яке аз онҳо халаловар, онҳо  бо розигии ҳамдигар барои ҳалли он мушкилӣ чора меандешанд.

"Ҷонибҳо тамоми чораҳоро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисод ва савдо андешида, аз ҷумла барои диверсификатсияи маҳсулот(зиёд намудани намуди маҳсулот) тамоми шароитҳоро фароҳам меоваранд",- омадааст дар хабар.

Мувофиқи шартнома тарафҳо дар соҳаҳои ҳарбӣ,  ҳарбию техникӣ, ҳамчунин мудофиаи шаҳрвандӣ  ҳамкорӣ намуда,  ба соҳаҳои илм, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш диққати махсус медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0