Бонки миллӣ: таваррум дар Тоҷикистон аз 7 фоизи солона боло намеравад

© SputnikСомонӣ. Акс аз бойгонӣ
Сомонӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нишондоди аз ҳама баланди таваррум дар кишвар моҳи январ 1,4% ва моҳи август 0,8% ба қайд гирифта шудааст, омадааст дар хабари коршиносони Бонки милии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik.Сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон тайи моҳи сентябр 0,4 %-ро ташкил намуд, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.

Қоҳир Расулзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қоҳир Расулзода: сатҳи камбизоатӣ паст мешавад, даромаднокӣ зиёд

Ин нишондод назар ба моҳи август   0,4 % камтар мебошад, мувофиқи ҳисоботи солона бошад дар моҳи сентябр дараҷаи таваррум дар умум 6,4% ташкил мекунад, омадааст дар хабар.

Ҷоизи қайд аст, ки нишондоди аз ҳама баландтарини таваррум дар кишвар моҳи январ (1,4%) ба қайд гирифта шудааст.

Чуноне ки коршиносони Бонки миллӣ хабар медиҳанд нархи хизматрасониҳои нақлиёти мусофирбар  9,9%,  хизматрасониҳои маишӣ  8,1%, хизматрасониҳои коммуналӣ 0,1%,  маориф  12,1%  гарон шудааст. Нархи иҷора 5,9% боло рафта, хисматрасониҳои маишиву коммуналӣ  5,8% гаронтар гардидаанд.

Нархи маҳсулоти ғайриозуқаворӣ дар соли равон  28,1% гарон шудааст, либоса ва пойафзол бошад 16,6% ва доруворӣ 15 фоиз гарон гардидааст.

Аз моҳи июли соли 2016 гази моеъ дар марказҳои бензинфурӯшии шаҳри Душанбе   30% гарон шудааст.

Нархи маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла шакар 21,7% ва равғани маска 11,9 % гарон гардидааст. Аммо нархи тухм, нон ва маҳсулоти гӯштӣ камтар поён рафтааст.

"Тайи моҳҳои октябр- декабри ҳамин сол бо назардошти нақша баланд рафтани нархи хизматрасониҳои об ва қувваи барқ, дараҷаи таваррум ҳафт фоизи солонаро ташкил мекунад",- пешгӯи мекунанд коршиносони бонк.

Хотиррасон мекунем, ки мувофиқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар панҷ моҳи аввали соли равон болоравии таваррум дар бахши истеъмолӣ 2,7% ташкил намудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ба нақша гирфита буд, ки дараҷаи таваррумро дар сатҳи 7,%  нигоҳ дорад. Бонки Осиё ҳамон нишондодои пештараи таваррумро дар кишвар интизор аст.

Пештар хабар дода шуд, ки дар се моҳи аввал дар Русия ва Тоҷикистон аз ҳама нишондодҳои пасттарини тавварум байни кишварҳои аъзои ИДМ ба қайд гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0