Президенти Туркманистон ба Русия меояд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкҚурбонгулӣ Бердимуҳаммедов. Акс аз бойгонӣ
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бори охирон президенти Туркманистон ба Федератсияи Русия соли 2011 ташриф овардааст

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Президенти Туркманистон санаи 1-уми ноябр бо сафари корӣ ба Русия меояд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хадамоти матбуоти ВКХ Турманистон.

Ашқобод. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Туркманистон истиқлолияти хешро ҷашн мегирад

"Санаи 1-уми ноябри соли 2016 президенти Туркманистон бо сафари корӣ ба Русия ташриф меоварад",- хабар медиҳад манбаъ.

Бори охир президенти Туркманистон барои мулоқот бо роҳбарияти Русия соли 2011 ташриф оварда буд, қайд карданд дар хадамоти матбуот.

Туркманистон бо минтақаҳои гуногуни Русия ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ барпо намудааст.

Рӯзи ҷумъа Қурбонгулӣ Бердимуҳҳаммадов ва губернатори вилояти Астрахани ФР Александр Жилкин дар Ашқобод масъалаҳои рушди муносибатҳои иқтисодии байни Турманистону Русиро баррасӣ карданд, омадааст дар хабар.

Лентаи хабарҳо
0