ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik.Дар Ашқобод ба муносибати 25-солаги истиқлолити Туркманистон гузашти ҳарбӣ баргузор гардид, хабар медиҳад хабаргузори РИА Новости.
Гузашти низомӣ дар ин тантана чорабинии асосӣ ба ҳисоб меравад. Ба воситаи он иқтидории ҳарбии ҷумҳурӣ нишон дода мешавад.
Президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов халқи кишварро бо Рӯзи истиқлолияти Туркманистон муборакбод намуд. Ӯ қайд намуд, ки ҷумҳурии Туркманистон санаи 27-уми октябри соли 1991 ташкил гардид ва ин санад барои кишвар таърихан муҳим ва тақдирсоз мебошад.
"Кишвари Туркманистон 25 сол пештар роҳи мустақил ва озодро инхоб намуд. Ба ин васила дар таърихи ватани миллиамон давраи нав сар шуд"- қайд намуд дар табрикот президенти кишвар.
Туркманистон санаи 27-уми октябри соли 1991 истиқлолияти хешро ба даст овардааст. Дар ҳамин рӯз Шӯрои Олии ҶШС Турманистон мувофиқи натиҷаҳои референдум оид ба масъалаи истиқлолият ба Сарқонуни кишвар қонун "Дар бораи истиқлолият ва асосҳои сохтори давлатии Туркманистон"- ро қабул намуд. Ба воситаи ин қонун кишвар дар ҳудуди хеш мустақил, демократӣ ва озод эълон карда шуд.