Ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия бо медал сарфароз гардид

Обуна шудан
Ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Нуралӣ Солиҳов аз тарафи Вазорати маориф ва илми Русия ба медали Ушинский сарфароз карда шуд

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Нуралӣ Солиҳов бо медали ба номи Пушкин сарфароз гардид.

"Бо фармони президенти Русия Владимир Путин ректори ДСТР барои  саҳмгузорӣ дар рушди забони русӣ дар хориҷ  қадрдонӣ карда мешавад",- гуфт сафири ФР дар Тоҷикистон Игор Лякин- Фролов дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 20- солагии ташкилёбии ДСТР.

Коршиноси робитаҳои байналмиллалӣ Зоири Давлат - Sputnik Тоҷикистон
Зоири Давлат: муносибати Тоҷикистону Русия олист, вале бояд мушкилоти муҳоҷират ҳал шавад

Ҳамчунин ба Солиҳов аз тарафи Вазорати маориф ва илми ФР медали Ушинский тақдим гардид.

"Ташкил гардидани донишгоҳи мазкур шаҳодати муносибатҳои хуби Тоҷикистону Русия мебошад",- гуфт сафири ФР.

"Дар умум дар ДСТР ва дигар филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон 12 ҳзр донишҷӯён таҳсили илм мекунанд",- илова намуд сафир.

Солиҳов қайд намуд, ки ДСТР ба шабакаи донишгоҳҳои кишварҳои аъзои ИДМ ва СҲШ  дохил мешаванд. "Донишгоҳ дар тарғиби  забони русӣ дар Тоҷикистон аҳамияти махсус медиҳад",- қайд кард ӯ.

"Низоми маорифи ватаниро имрӯз бидуни ДСТР тасаввур кардан ғайриимкон аст, ки макони фарҳангии халқҳои дӯсти Тоҷикистону Русия мебошад. Дар ташкилотҳои гуногуни давлативу ғайридавлатӣ хатмкардагони донишгоҳи мо фаъолият доранд",- қайд намуд ректор.

Пас аз қисми расмии чорабинӣ,  маросими ҷоизасупорӣ ба роҳбарият ва муааллимону прфессорони ДСРТ,  аз тарафи сафорати Русия ва вазорати маориф ва илм ва вазорати фарҳанги ҶТ оғоз гардид.

Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия соли 1996 ташкил гардидааст, ки ҳоло дар он 5 факулта ва 29 кафедра фаъолият мекунад. Донишгоҳ дар 18 самти бакалавриат ва 11 самти магистратура мутахассис тайёр мекунад. Дар донишгоҳ 426 нафар профессорону муаллимон дарс мехонанд. Ба гуфтаи ректори донишгоҳ,  ҳоло дар муассиса 146 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Чин, Русия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Кореяи Ҷанубӣ таҳсили илм мекунанд. Муассиса бо 95 муассисаҳои олии кишварҳои хориҷ созишномаи ҳамкорӣ дорад.

Лентаи хабарҳо
0