Вилояти Тамбови ФР шаҳрвандони Тоҷикистонро барои зиндагии доимӣ даъват мекунад

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкШиносномаи русӣ. Акс аз бойгонӣ
Шиносномаи русӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрвандони Тоҷикистон бо корбарони барномаи “Расонидани кумак барои кӯчидан ба вилояти Тамбов барои ҳамватанони бурунмарзӣ”, тариқи видеомост сӯҳбат карданд

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Тоҷиконе, ки хоҳиши кӯчидан ба вилотяи Тамбов доранд, бо ҷои кор таъмин хоҳанд шуд, хабар медиҳанд дар мақомоти иҷроияи вилотяи Тамбов.

Шаҳрвандони Тоҷикистон бо корбарони барномаи "Расонидани кумак барои кӯчидан ба вилояти Тамбов барои ҳамватанони бурунмарзӣ", тариқи видеомост сӯҳбат карданд. Мулоқот дар намояндагии вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Тамбов сурат гирифт.

Танга ва асъори пулӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия ба оилаҳои серфарзанд кумакпӯлӣ медиҳанд

Намояндагони мақомот иштирокчиёни сӯҳбатро бо барномаи кӯчонидани ҳамватанони бурунмарзӣ шинос намуда ба онҳо дар бораи шароити буду бош ва вазъи иқтисодии вилоят маълумот доданд.

"Иштирокчиён тавонистанд ба ҳамаи саволҳои худ доир ба кӯчидан ба вилоят посух гиранд. Ҳамватанони бурунмарзӣ ба масъалаҳои вазъи иқтисодии вилоят, таъмин шудан бо ҷои кор ва дигар мушкилот диққати махсус зоҳир намуданд",-қайд мегардад дар иттилоия.

Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки дар вилоят ва махсусан дар қишлоқҷойҳо норасоии духтурон баръало ҳис мешавад. Ҳамчунин дар вилоят соҳаи хоҷагии қишлоқ рушд карда истодааст.

Гуфта шуд, ки аз аввали роҳандозӣ шудани барномаи кӯчонидани ҳамватанони бурунмарзӣ, зиёда аз 10 ҳазор нафар ба вилояти Тамбов омадааст. Имсол 1600 нафар ба вилояти Тамбов кӯч бастааст.

Иҷозаи иқомати шаҳрванди хориҷӣ дар Русия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷирони Тоҷикистон Кузбасси Русияро интихоб мекунанд

Бештар, шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Украина ва Молдова хостори зиндагӣ дар вилоят шудаанд.

Аксари онҳо ноҳияҳои  зеринро интихоб мекунанд: Тамбовский, Мичуринский ва Сосновский. Дар ноҳияи Тамбов зиёда аз 2000 нафар ба сар мебаранд. Зиёда аз 80%-и онҳо бо ҷои кор таъмин карда шудаанд.

Вилояти Тамбов субъекти Федератсияи Русия буда, маркази маъмурии он-шаҳри Тамбов мебошад.

Лентаи хабарҳо
0