ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон аз миёни хоҳишмандони гирифтани шиносномаи Русия дар қаламрави вилояти Кемерова дар соли 2016 дар ҷои сеюм қарор доранд.
Хоҳишмандони бештарини гирифтани шиносномаи Русия ва санади донистани забони русӣ аз Украина (40% аз байни ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ), шаҳрвандони Қазоқистон (30%), дар ҷои сеюм Тоҷикистон бо 15 %-и шаҳрвандонаш буда аз Қирғизистон 5 %-и муҳоҷирон майли гирифтани шиносномаи русӣ а Кузбассро доранд.
Роҳи соддатарини гирифтани шиноснома русӣ ва санади донистани забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ Кузбасс аст, дар ин бора аз Хадмоти муҳоҷирати меҳнатӣ хабар доданд.
Ҳамин тавр аз авваоили соли 2016 ҳамагӣ 88 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз комиссияи махсус гузашта, аз ин шумора 45 нафарашон бо донистани забони русӣ ва озодона баён намудани фикри худ бо ҳамин забонро тасдиқ карданд. Онҳое, ки натавонистанд имсол аз ин комиссия гузаранд имкони гузаштан аз комиссияро дар соли ҷорӣ аз даст додаанд в атанҳо соли оянда метавонанд аз сари нав ҳуҷҷат супоранд.
"Ин на имтиҳон балки суҳбат мебошад. Дар ҳайати комиссия муаллимони макотиби олӣ, кормандон ва намояндагони Хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ дохил ҳастанд. Доваталабон бояд ҳикояро хонда онро нақл кунанд ва баъд ба саволҳо аз дохили матн ҷавоб гӯянд. Мо имло ва грамматикаро тафтиш намекунем, барои мо фикрронии муҳоҷир бо забони русӣ муҳим аст",-шарҳ дод инстпектори калон оид ба масъалаҳои гирифтани шаҳрвандии Русия Олеся Ганус.
Дар баробари ин қабл аз гирифтани санади донистани забони русӣ барои ба даст овардани шаҳрвандии Русия шахс бояд аз шаҳрвандии худ даст кашида, айни ҳол (ё қаблан) дар қаламрави Федератсияи Русия ё дар собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ иқомат дошта бошад.