Тоҷикистон ва Чин зидди террористон якҷоя мубориза мебаранд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкҲарбиёни Чин. Акс аз бойгонӣ
Ҳарбиёни Чин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба шаҳри Душанбе намояндагони вазоратҳо ва муассисаҳои Ҷумҳурии Халқии Чин ташриф оварданд. Тарафҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар таъмини амният, мубориза бо терроризм, ифродгароӣ ва сепаратизм(ҷудоихоҳӣ)-ро матраҳ менамоянд

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва Ваколатдори масъалаҳои  мубориза бо терроризм ҶХЧ Чен Гопин масъалаҳои  таъмини амният ва пурзӯр намудани мубориза бо терроризмро баррасӣ намуданд, хабар медиҳад сомонаи ВКД Тоҷикистон.

Виталий Наумкин, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Наумкин: набояд “ДИИШ”- ро давлати исломӣ хонд

Вохӯрӣ дар чорчӯбаи боздиди ҳайъати Чин ба Тоҷикистон баргузор гардид.

" Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои васеъ намудани ҳамкориҳоро дар соҳаҳои таъмини амният, пурзӯр намудани мубориза зидди терроризм, ифродгароӣ ва ҷудоихоҳиро баррасӣ карданд",- омадааст дар хабар.

Рахимзода ва Чен Гопин хостори рушд бахшидани ҳамкориҳои мубодилаи иттилоотӣ гардида, қайд карданд, ки бояд ҳамкориҳои гумрукиро тақвият бахшид.

Бояд хотиррасон шуд, ки санаҳои 20-ум то 24-уми октябр ҳарбиёни Чин ва Тоҷикистон дар машқгоҳи "Шитарв"-и ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ машқҳои тактикии муштараки зиддетеррористӣ баргузор намуданд.

Лентаи хабарҳо
0