Муҳоҷирони тоҷик бидуни маълумоти махсус диплом мегиранд

Обуна шудан
Дар Тоҷикистон вакилон пешниҳод намудаанд, ки ба шаҳрвандони дорои касбу маҳорат ҳуҷҷати тасдиқӣ дода шавад

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik.Вакилони палатаи поёнии Тоҷикистон қонун "Дар бораи таҳсилоти калонсолон"- ро қабул намуданд, менависад сомонаи парлумон.

Акнун шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд, ки ягон касбу корро мустақилона омӯхта, соҳиби сертификат дар бораи маълумот шаванд.

Ба андешаи вакилон лоиҳаи мазкури қонун имконият медиҳад, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия тавонанд  шаҳодатнома дар бораи тайёрии касбиро зуддатар ба даст оранд. Бо гирифтани ҳуҷҷат ба онҳо мушкилии кортаъминшавӣ дар Русия ва ё кишвари дигар осонтар мешавад.

Муҳоҷир дар навбат барои гирифтани патент. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нархи патент барои муҳоҷирони Маскав дар соли 2017 қимат намешавад

Ба гуфтаи раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров зиёда аз 70% муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар Русия қарор доранд, ягон ҳуҷҷат дар бораи таҳсилотро надоранд. Номбурда афзудааст, ки муҳоҷирон соҳиби касбҳои гуногун ба монанди сохтмончӣ, ороишгар, таъмиргари мошинҳо ва ғайра  мебошанд, аммо ҳуҷҷати тасдиқкунанда надоранд.

Ӯ қайд намуд, ки қонуни мазкур имконият медиҳад, ки таҳсилоти ғайрирасмӣ эътиро карда шавад ва ин ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад.

"Бо қабули Қонуни мазкур мо "таҳсилоти ғайрирасмӣ" ва "таҳсилоти ғайриасосӣ"-ро эътироф хоҳем намуд, ки дар шароити воқеи хело саривақтист",- мегӯяд раиси палаи поёнӣ.

Лентаи хабарҳо
0