Нархи патент барои муҳоҷирони Маскав дар соли 2017 қимат намешавад

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкМуҳоҷир дар навбат барои гирифтани патент. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷир дар навбат барои гирифтани патент. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Арзиши патент ҳамасола аввал аз ҷониби Вазорати рушди иқтисоди ФР ва баъдан аз ҷониби минтақаи алоҳида муайян карда мешавад

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Нархи патент  барои муҳоҷирони шаҳри Маскав дар соли нави 2017 бетағйир мемонад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати рушди иқтисоди шаҳри Маскав.

Тағйирот ба қонун дар бораи нархи патент ба кам кардани коэффисенти минтақавӣ, ки зимни ҳисоби нархи патент шуморида мешавад, равона гардидааст, хабар дод вазири вазорати рушди иқтисод, Максим Решетнинков.

Ёдовар мешавем, ки арзиши патент ҳамасола аввал аз ҷониби  Вазорати рушди иқтисод ва баъдан аз ҷониби минтақа муайян карда мешавад.

Дорандаи 600 ҳазорумин патент-Ҳакимҷон Раҳматов (аз тарафи чап) бо директори генерали маркази муҳоҷирати меҳнатӣ Николай Фидосеев.Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
600 ҳазорумин “патент” насиби муҳоҷири тоҷик гашт

Дар сурати бетағйир мондани қонун дар бораи нархи патент, дар соли нави 2017 арзиши патент худ бу худ қимат хоҳад шуд. Маҳз ба хотири нигоҳ доштани нархи кунунӣ Вазорати рушди иқтисод лоиҳаи қонун дар бораи паст кардани коэффисенти минтақавиро омода намудааст, ки мутобиқи он нархи патент ҳамоно 4200 рубли русӣ боқӣ хоҳад монд.

Ба гуфти Максим Решетников чунин меъёр барои ҷалби қувваи нави корӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ ба бозори Русия равона гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0