ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Яке аз самтҳои асосии экспорти маҳсулоти Новосибирск ин кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳамин тавр 240 тонна моҳӣ ба Узбакистон ва Тоҷикистон интиқол дода шуд.
Зиёда аз 17 тонна маҳсулот аз ҷумла маҳсулоти ширӣ ба Ҷумҳуриҳои Узбакистон ва Тоҷикистон интиқол дода шуд, 93,82 тонна пухтаи навъи аввал ба Олмон, Венгрия, Тайван, 16,3 тонна маҳсулоти гуштӣ ба Тоҷикистон, 0,13 тонна асал ба Тоҷикистон, 214 ҳазор тухм ба Муғулистон равон карда шуд.
Зиёда аз 520 тонна моҳии яхкардашуда ба Литва, 196,2 тонна ба Муғулистон ва 12,01 тонна ба Чин интиқол дода шуд. Тақрибан 225,6 тонна маҳсулоти нимхом ва гушти парранда ба Муғулистон, 240,9 тонна моҳӣ ва маҳсулоти аз моҳӣ омодашуда ба Тоҷикистон ва Узбакистон интиқол дода шуд.
Аз Новосибирск маҳсулоти гуногун ба 50 кишвари ҷаҳон интиқол дода мешавад. Харидорони асосии маҳсулоти Новосибирск-Чин, Озарбойҷон, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус ва дигар кишварҳои хориҷи дур мебошанд.