ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар Душанбе олимпиадаи байналмиллӣ, аз ҷониби Донишгоҳи олии таҳқиқотии иқтисодӣ барои хонандангони синфҳои 8-11 гузаронида мешавад.
"Асосан олимпиада бо забони русӣ сурат мегирад, вале хоҳишмандон метавонанд ба забони англисӣ низ ҷавоб нависанд. Озмун ройгон буда, дар он ҳамаи хоҳишмандон метавонанд иштирок кунанд",-гуфт роҳбари намояндагии Россотрудничества дар ҶТ Михаил Воджаев.
Ба гуфти ӯ бақайдгирии иштирокчиёни озмун аз тамоми навоҳии Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта ба анҷом расида буд.
Толибилмони тоҷик имкон доранд, дониши худро аз рӯи фанҳои таърих, риёзӣ, равоншиносӣ, забони русӣ ва англисӣ, рӯзноманигорӣ ва тарроҳӣ санҷанд.
Хатмкунандагони мактаб дар сурати гирифтани ҷойи аввал барои дохил шудан ба Донишгоҳи олии таҳқиқотии иқтисодии ФР соҳиби имтиёзҳои иловагӣ мешаванд, хабар медиҳад "Ховар".
Зиёда аз ин толибилмони тоҷик барои гирифтани квотаҳои таҳсил барои шаҳрвандони хориҷӣ, дар доираи барномаи таҳсил дар Русия имтиёзҳои иловагӣ мегиранд.
Озмун то санаи 29-уми октябр идома ёфта, беҳтаринҳо баъди чанд рӯзи ба итмом расидани озмун дар бинои маркази фарҳанги Русия дар Душанбе эълон карда мешаванд.