Душанбе ва Тошканд содда гардонидани низоми раводидро муҳокима мекунанд

© Sputnik / Александр Поляков / Гузариш ба медиабонкШаҳри Тошканд. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Тошканд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад, ки моҳи ноябри соли равон намояндагони Тоҷикистон ба шаҳри Тошканд омада масъалаҳои гуогуни муносиботи байни ду кишвар, аз ҷумла содда кардани низоми раводидро муҳокима мекунанд

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Тоҷикистон ва Узбакистон масъалаи содда гардонидани низоми раводидро муҳокима мекунанд, изҳор дошт сафири Ҷумҳурии Узбакистон дар ҶТ Шоҳқосим Шоҳисмоилов.

Дмитрий Попов, роҳбари маркази тадқиқотии Донишгоҳи Урал. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: мухолифоти Душанбе ва Тошканд ба амнияти минтақа хатар дорад

"Қабл аз ҳама-масъала ба ҳаракати шаҳрвандон дар ҳудудҳои сарҳадӣ дахл дорад. Ҳамчунин баррасии ҳаракати шаҳрвандони ноҳияҳои сарҳадии ду кишвар ва содда гардонидани низоми раводид дар назар аст",-гуфт ӯ. Вале дар баробари ин Шоҳисмоилов қайд кард, ки дар бораи пурра бекор кардани низоми раводид, сухан рондан ҳанӯз барвақт аст.

"Шояд,қарори ниҳоӣ оиди бекор кардани низоми раводид, баъди кам шудани таҳдиди ворид шудани гурӯҳҳои радикалӣ аз Афғонистон ба Узбакистон, қабул шавад",-қайд кард ҷаноби Шоҳқосим.

Сафири Узбакистон дар ҶТ ҳамчунин илова кард, ки 14 сол қабл низоми раводид на бар зидди халқи тоҷик, балки барои ворид нашудани гурӯҳҳои радикалӣ аз Афғонистон, ки бо Тоҷикистон дар масофаи 1,4 ҳазор км ҳамсарҳад аст, ҷорӣ шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0