ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Белорус аз 10-уми ноябр то 14-уми ҳамин моҳ баргузор мешаванд, иттилоъ дод сафири Тоҷикистон дар Белорус Қозидавлат Қоимдодов.
"Муколамаи тамаддунҳо-ин таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ аст. Ҳанӯз соли 2014 роҳбарони кишварҳои мо дар бораи баргузории рӯзҳои фарҳанги Белорус дар Тоҷикистон (соли 2015) ва рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Белорус (соли 2016) қарор қабул карда буданд",-гуфт сафир.
Дар доираи рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Белорус намоиши барномаи пуршукӯҳи консертӣ аз ҷониби санъаткорони беҳтарини Тоҷикистон ва намоиши 40 кори рассомони тоҷик дар назар аст.
Ҳамчунин дар шаҳри Минск ду филми истеҳсоли синамои тоҷик: "Баъд аз ғуруб" ва "Муаллим" ба тамошобинон пешкаш карда мешаванд.
Дар баробари ин дар доираи рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Белорус маҷмӯаи нави драмманависи белорусӣ Алексей Дударев бо забони тоҷикӣ муаррифӣ хоҳад шуд.
"Бори охир рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Белорус соли 2008-ум баргузор шуда буд. Фикр мекунам, ки имсол низ ҳунармандони тоҷикро дар ин шаҳри бузург тамошобинон интизор шудаанд",-гуфт Қозидавлат Қоимдодов.
Сафири Тоҷикистон дар Белорус хабар дод, ки дар қаламрави ин кишвар то 1 октябри соли 2016 расман 1245 нафар, ки шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ба қайд гирифта шудаанд. Дар кишвар ҷомеаи дӯстии ду кишвар ва клуби занони тоҷик "Бонувон" фаъолият мекунад.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон рӯзҳои фарҳанги Белорус баргузор шуда буд.
Дар давоми чор рӯз тамошобинони тоҷик бо барномаи консертии санъаткорони Белорус шинос шуданд. Дар доираи рӯзҳои фарҳанг ба шаҳрвандони тоҷик ду филми истеҳсоли синамои Белорус-"Брестская крепость" ва "Следы апостолов" намоиш дода шуд.