ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президенти Ҷумҳурии Узбакистон Шавкат Мирзиёев мехоҳад дар қаламрави кишвар наздики ҳазор биноҳои нави истиқоматӣ бунёд намояд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвазири кишвар.
Ба гуфти ӯ дар ҳоли ҳозир барномаи сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар аксари шаҳрҳо омода карда мешавад. Дар назар аст, ки биноҳои нав дар муддати солҳои 2017-2020 сохта шаванд.
Мирзиёев илова кард, ки биноҳои панҷ, ҳафт ва нӯҳошёна дар ҳудуди шаҳри Тошканд, Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва дигар манотиқи кишвар сохта хоҳанд шуд.
Илова бар ин дар соли 2017 дар деҳот сохтани тақрибан 15 ҳазор манзилҳои нави зист дар назар аст.
Қаблан хабар дода шуд, ки баъди баргаштани қисми зиёди муҳоҷирон ба ватан дар Узбакистон масъалаи манзили зист тезу тунд шуд. Шумораи хоҳишмандони харидори манзил аз фурӯшандаҳо чандин маротиба зиёд мебошад.
Мувофиқи маълумот наздики 3-4 миллион шаҳрвандони Узбакистон берун аз кишвар ба сар мебаранд.