Судҳои олии СҲШ оид ба мубориза зидди терроризм мубодили афкор намуданд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкБолғаи суд. Акс аз бойгонӣ
Болғаи суд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вохӯрӣ дар Душанбе кишварҳо ба хулоса омаданд, ки дар масъалаҳои судӣ марбут бо ифродгароӣ ҳамкорӣ карда, ҳамчунин бо таҳдидҳои муосир якҷоя мубориза мебаранд.

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар маркази Тоҷикистон шаҳри Душанбе  вохӯрии намояндагони суди олии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай(СҲШ) баргузор гардид.

"Имрӯз ҳайъати Суди олии кишварҳои аъзои СҲШ ба хулоса омаданд, ки дар бораи таҷрибаҳои хеш дар раванди судӣ, ки бо ифродгароӣ ва терроризм марбут аст, минбаъд  мубодилаи афкор мекунанд",- гуфт ба РИА Новости котиби матбуоти Суди олии ФР Павел Одинсов.

Нишони САҲА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони СЗМ СҲШ ва САҲА бар зидди терроризм мубориза мебаранд

Ҳамчунин, ба гуфтаи вай тарафҳо нақша доранд, ки дар риштаи иттилоотонии масъалаҳои масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ҳамкорӣ мекунанд ва дар дида баромадани парвандаҳои дар як ҳалат такроршаванда мубодилаи таҷриба менамоянд.

"Тарафҳо оид ба ин масъалаҳо таҷрибаҳои хешро нақл мекунанд ва қарори муштараки қонуниро дар ҳалли ин масъалаҳо қабул менамоянд ",- гуфт намояндаи Суди олии ФР.

Вай илова намуд, ки ҳайъати Русияро намояндаи Суди олӣ ФР Вячеслав Лебедев роҳбарӣ мекунад.

"Шиддатнокии таҳдидҳои кунунӣ дар шакл ва зуҳуроти гуногун талаб мекунад, ки чораҳои саривақтӣ дар мубориза дар зидди терроризми байналмиллалӣ ва ифроддгароӣ андешида шаванд",- қайд намуд роҳбари Судии олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён.

Ҳамчунин ӯ қайд кард, ки низоми судӣ дар муқовимат ба таҳдиду хатарҳои муосир, таҳкими принсипҳои коллективӣ ва ҳуқуқӣ дар мубоирза бо терроризм нақши муҳим мебозад.

"Ҳамкории роҳбарони муассисаҳои судҳои олии кишварҳои аъзои СҲШ, ки  дар масъалаҳои гуногун доиман мубодилаи афкор мекунанд барои тарафайн муҳим мебошад ва дар ҳамкориҳои созанда ва боэътимод мувофиқ аст",- илова намуд Шохиён.

Лентаи хабарҳо
0