Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Араб рафт

© Фотохост-агентство / Гузариш ба медиабонкПарвози Эмомалӣ Раҳмон ба Уфаи Бошқирдистон
Парвози Эмомалӣ Раҳмон ба Уфаи Бошқирдистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тайи се моҳи ахир ин сафари дуввуми раисҷумҳури Тоҷикистон ба кишварҳои арабӣ буда, дар моҳи январ ӯ аз Арабистони Саудӣ низ дидан карда буд.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Субҳи имрӯз раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари расмӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб парвоз кард.

Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт президенти кишварро раиси Маҷлиси миллии МО  Маҳмадсаид Убайдуллоев, нахуствазири  Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, роҳбари дастгоҳи иҷроияи рааисҷумҳур Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон озими Пекин шуд

Ба иттилоъи дафтари матбуотии сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии президент  оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Сулаймон Давлатзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Тайи се моҳи ахир ин сафари дуввуми Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои арабӣ аст. Дар оғози моҳи январи соли равон ӯ ба Арабистони Саудӣ рафта, дар пайи боздидҳои расмӣ ҳамроҳи аҳли хонаводааш маносики Ҳаҷҷи умраро низ анҷом дод. 

Лентаи хабарҳо
0