600 ҳазорумин “патент” насиби муҳоҷири тоҷик гашт

© Сайт ММЦ города МосквыДорандаи 600 ҳазорумин патент-Ҳакимҷон Раҳматов (аз тарафи чап) бо директори генерали маркази муҳоҷирати меҳнатӣ Николай Фидосеев.Акс аз бойгонӣ
Дорандаи 600 ҳазорумин патент-Ҳакимҷон Раҳматов (аз тарафи чап) бо директори генерали маркази муҳоҷирати меҳнатӣ Николай Фидосеев.Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Директори генералии Маркази муҳоҷирати меҳнатӣ Николай Федосеев Ҳакимҷон Раҳматовро бо гирифтани “патент”-и ҷашнӣ шахсан табрик намуда, ба ӯ китоб дар бораи шаҳри Маскав ҳадя кард.

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Маркази муҳоҷирати меҳнатии Сахарова (Русия, Маскав) ба шаҳрванди Тоҷикистон 600 ҳазорумин "патен"-ро барои пайдо кардани ҳуқуқи кор дар қаламрави Русия супурд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии марказ.

Тафтиши шиноснома дар фурудгоҳ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия қоидаҳои нави муҳоҷират ҷорӣ шуданд

Директори генералии Маркази муҳоҷирати меҳнатӣ Николай Федосеев шахсан Ҳакимҷон Раҳматовро бо гирифтани 600 ҳазорумин "патент" табрик карда ба ӯ китоб дар бораи шаҳри Маскав тақдим кард.

"Аз хизматрасониҳои марказ розиям. Ҳамаи амалиётҳо иҷро шуданд ва акнун "патент" дар дастам, ин аз ҳама муҳим аст", изҳор дошт ӯ.

Маркази муҳоҷирати меҳнатии Маскав соли 2015 фаъол гардид. Шурӯъ аз ҳамон замон инҷониб марказ 650 ҳазор аризаи муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба гирфтани "патент"-ро қабул кардааст.

Шаҳрванди хориҷӣ дар муддати кӯтоҳ метавонад соҳиби "патент"- иҷозатномаи кор дар Маскав гардад. Барои гирифтани "патент" ду ҳуҷҷат лозим аст: шиноснома ва корти муҳоҷиратӣ. Дигар ҳуҷҷатҳоро дар худи марказ гирифтан мумкин аст. Дар Маркази муҳоҷирати меҳнатӣ шаҳрвандони хориҷӣ имкон доранд аз санҷиши тиббӣ гузашта, имтиҳон аз фанни русӣ супоранд ва ҳамчунин суғуртаи тиббӣ гиранд.

Лентаи хабарҳо
0