Эмомалӣ Раҳмон бо Карим Масимов амнияти минтақаро муҳокима кард

Обуна шудан
Имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимовро ба ҳузур пазируфт.

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 24 октябр, бо раиси Кумитаи амнияти миллии ҶҚ Карим Масимов вохӯрда, амнияти минтақаро муҳокима кард, хабар медиҳад, хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байнидавлатӣ ва байни ниҳодҳои амниятӣ баррасӣ шуд.

"Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба иштироки муштарак дар таъмини амнияту субот дар қаламрави Тоҷикистону Қазоқистон ва минтақа, инчунин тақвияти иқтидору имкониятҳои нерӯҳои марзбонӣ табодули афкор намуданд",-омадааст дар хабарнома.

Омӯзиши СПАД - Sputnik Тоҷикистон
Нақлиёт, CASA ва амният: Тоҷикистон тайёр аст ба Афғонистон кӯмак расонад

Доир ба ҳамдастии муштарак дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, пешгирии ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва муқовимати густурда ба муқобили гурӯҳои муташаккили ҷиноӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён шуд.

Ҳамчунин зимни мулоқот зарурати таҳкими равобити дуҷониба барои таъмини сартосарии амнияти миллӣ ва густариши ҳамкории байни хадамотҳои махсуси амниятии Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид гардид.

Лентаи хабарҳо
0