Дар Узбакистон пеш аз интихобот телефони “боадолат” фаъол мешавад

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкАлоқаи мобилӣ. Акс аз бойгонӣ
Алоқаи мобилӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Узбакистон қабл аз интихоботи президентӣ телефони доимамалкунандаи омбудсмен оид ба ҳуқуқи инсон фаъол мешавад. Имкон мешавад, то дар бораи ҳама гуна қонунвайронкуниҳо даррав хабар дода шавад.

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Телефони боварӣ дар масъалаҳои зерин: тавзеҳи кафолатҳои ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон, ташаккул ва ворид намудани шаҳрвандон дар рӯйхати овоздиҳандагон ва имконияти шаҳрвандон барои иштирок дар вохӯриҳо бо номзадҳо, машварати ҳуқуқӣ пешниҳод мекунад.

Илова бар ин, тавассути хати алоқаи доимамалкунанда имкон аст маълумот дар бораи тартиби овоздиҳӣ, тартиб ва шартҳои шикоят қарорҳои комиссияҳои интихоботи ҳудудӣ дар мақомоти судӣ ва идораҳои дигарро пайдо кард.

Дар халқ маъмулан чунин навъи алоқаро-телефони "боадолат" меноманд.

Қабулгоҳи маҷозии Шавкат Мирзиёев дар шабакаи интернетӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ба Мирзиёев аз фаъолияти бонкҳо шикоят мекунанд

Хати алоқаи доимиамалкунанда ҳамарӯза аз (14 октябр) аз рӯзи душанбе то ҷумъа, соатҳои 10:00 то 18:00 фаъол мешавад. Хати алоқа рӯзҳои 3-4-уми декабр бидуни танаффус фаъол хоҳад буд. Телефони мустақим тавассути рақами 1096 амал хоҳад кард.

Рӯзи 2 сентябри соли равон президенти аввалини Узбакистон Ислом Каримов дар синни 78 солагӣ аз олам даргузашт. Сарвазири кишвар Шавкат Мирзиёев президенти муваққатии Узбакистон интихоб гардид. Интихоботи президентӣ дар Узбакистон санаи 4-декабр баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0