ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дастаи футболи миллии Тоҷикистон дар моҳи октябр дар раддабандии Фифа чор зина боло рафта, дар мақоми 140-ум қарор гирифт, хабар дода мешавад дар торномаи расмии ташкилот.
Рӯйхати нави рейтинги мунтахабҳои гунонуи ҷаҳон имрӯз аз ҷониби такшилоти Фифа дар торномаи ин ташкилот нашр гардидааст.
Мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги қаблии Фифиа дар сатри 144-ум ҷой гиритфа буд. Мувофиқи пешгӯиҳои football-rankings.info мунтахаби миллии Тоҷикистон то охири моҳи октябр 6 зина боло рафта, ҷои 138-умро хоҳад гирифт.
Ёдовар мешавем, ки нишондодҳои беҳтарини Тоҷикистон дар рейтинги (ҷанвал) мунтахабҳои миллии ҷаҳон, соли 1993 дар ФИФА қайд гардид. Баҳори соли 2013 даста ҷойи 113-умро гирифтааст. Нишондоди пасттарин соли 2002-ум ба қайд гирифта шуд, ки мунтахаб ҷойи 168-умро байни 207 даста ба даст овард. Дар натиҷаи рейтинги якмоҳа, нишондоди пасттарини мунтахаб, як сол пас, яъне дар соли 2003- ҷойи 180-ум қайд гирифта шуд.