Виталий Левченко: ғолибият ба осонӣ ба даст наомадааст

© Официальный сайт ФФТВиталий Левченко. Акс аз бойгонӣ
Виталий Левченко. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Виталий Левченко зимни нишасти матбуотӣ ба бозигарони мунтахаб иҳзори миннатдорӣ карда, қайд намуд, ки ғолибият ба осонӣ ба даст наомадааст.

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар доираи қаҳрамонии Осиё-2016, ки дар Баҳрайн баргузор мегардад, дастаи Чинро бо ҳисоби 2:0 мағлуб намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

"Бозӣ осон набуд. Баъди мағлубият аз дастаи Узбакистон фазои наонқадар қулай моро иҳота карда буд. Албатта вақте, ки аз як даста мағлуб мешаваӣ, баромадан ба бозии навбатӣ аз ҷиҳати равонӣ мушкил аст. Вале ман мехоҳам ба бозигаронамон иҳзори сипос намоям",-мегӯяд сармураббии даста Виталий Левченко.

Майдонҳои нави сунъӣ дар шаҳри Қурғонтеппа. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон дар Тошканд охирон шуд

Илова бар ин сармураббии мунтахаби Тоҷикистон қайд намуд, ки  мо дар як ҷо намеистем, бозиҳои қаблиро таҳлил карда муайян менамоем, ки чи гуна метавонем рақибро мағлуб созем.

"Ман психологияи боизгарони чиниро медонам, зеро соли 2002 дар клуби "Чанчун Ятай" бозӣ карда будам. Ҳангоме ки онҳо монда мешаванд, бозиро идома додан наметавонанд. Мо шоҳиди он будем, ки бозигарони Чин монда шуда дигар мадори давом додани рақобатро надоштанд. Мунтахаби Тоҷикистон бошад аз ҳисоби кордониашон тавонистанд натиҷаи хуб ба даст биёранд",-мегӯяд Виталий Левченко.

Дап пеш мунтахаби Тоҷикистонро бозӣ бо дастаи Австралия интизор аст. Сармураббии даста Виталий Левченко мегӯяд, ки ин бозӣ низ вазнин хоҳад буд. Ба қавли ӯ дастаи Австралия аз ҷиҳати футболи замонавӣ хеле пешрафта аст. Мо кӯшиш мекунем, ки заифии дастаро муайян намуда, ғолиб бароем,-гуфт ӯ.

Қаблан хабар дода шуд, ки мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон дар мусобиқаи Осиёӣ, ки дар Тошканд баргузор гардид, охирон шуд.

Лентаи хабарҳо
0