Мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон дар Тошканд охирон шуд

Обуна шудан
Ҷои аввал баъди ғолибият дар ҳамаи бозиҳо дар мусобиқаи футбол насиби мунтахаби Узбакистон гардид. Ҷои дуюмро бошад, бозигарони ҷинси латифи Эрон ба даст оварданд.

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Дар Тошканд мусобиқаи футболи духтарона  CAFA Women's Cup U-19, ки байни кишварҳои аъзои  ассотсиатсияи Осиёи Марказӣ доир гардид, ба анҷом расид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ФФТ.

Дар сабқат мунтахабҳои ҷавони Тоҷикистон, Эрон, Қирғизистон ва Узбакистон иштирок карданд.

Рустами Эмомалӣ зини ифтитоҳи майдонҳои футбол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Майдонҳои нави сунъӣ ҳавасмандии духтаронро ба футбол дучанд мекунад

Мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон бо футболбозони Узбакистон вохӯрда, бо ҳисоби 1:8 бозиро бохт. Дар рӯзи дуюми сабқат бошад, мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Эрон бозӣ карда боз бо ҳисоби 0:6 мағлуб гардид. Дар бозии охирон бошад, футболбоздухтарони тоҷик бо мунтахаби Қазоқистон ба рақобат баромада, бозиро мусовӣ 1:1 анҷом доданд.

Мақоми аввалро футболбозони Узбакистон бо ғолибият дар тамоми бозиҳо ба даст оварданд. Медлаи нуқра насиби духтарони Эрон шуд, нишони биринҷиро бошад мунтахаби Қазоқистон аз худ кард. Ҳамин тавр Тоҷикистон дар сабқат охирон шуд.

Лентаи хабарҳо
0