Президенти Қирғизистон ба Оқохони IV ордени “Данакер” супорид

© Фото : Пресс-служба президента КР / Султан ДосалиевОқохони IV зимни гирифтани ордени "Данакер" аз дасти Алмосбек Отамбоев. Акс аз бойгонӣ
Оқохони IV зимни гирифтани ордени Данакер аз дасти Алмосбек Отамбоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Отамбоев барои дастгирии иҷтимоӣ ва иқтисодии лоиҳаҳои Қирғизистон ба Оқохони IV-пешвои исмоилиёни ҷаҳон ордени “Данакер” ҳадя кард.

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон рӯзи сешанбе ба пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оқохони IV ордени "Данакер"-ро тақдим кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Ордени мазкур ба хотири дастгирии фаъоли лоиҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва иқтисодии Оқохони IV дар  Қирғизистон  супорида шуд. Президенти Қирғизистон  қайд кард, ки фаъолияти Оқохони IV дар ҷумҳурӣ хеле баланд баҳогузорӣ мешавад ва афзуд, ки барои таҳкими ҳамкориҳои оянда таваҷҷӯҳи хоса дорад.

Раисҷумҳури Қазоқистон гуфт, ки супоридани нишон ба шахсе, ки дар ҳамбастагии миллатҳо ва кишварҳо нақши бузург дорад, шараф аст.

Оқохони чаҳорум. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оқохони IV соҳиби ҷоизаи “Шаҳрванди ҷаҳон”-2016 шуд

"Аз номи тамоми халқи Қирғизистон барои дастгирии фаъоли шумо ва ба роҳ мондани лоиҳаҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ, изҳори миннатдорӣ менамоям",-гуфт Отамбоев.

Ҳамчунин сарвари давлат ба Оқохони IV барои дастгирии доимии ақаллиятҳои қирғизи минтақаи Помири хурд ва бузург  изҳори миннатдорӣ кард.

Дар навбати худ пешвои исмоилиёни ҷаҳон ба президенти ҶҚ барои пазироии хуш ва ордени давлатӣ изҳори ташаккур кард.

"Шодам, ки боз ба Қирғизистон омадам. Ҳар замоне, ки ба ин кишвар меоям худроо хушбахт эҳсос мекунам. Аз гирифтани нишон шод ҳастам",-гуфт Оқохони IV.

Ба гуфти пешвои исмоилиён рушди ҳамаҷонибаи Қирғизистон натанҳо барои ин кишвар балки барои тамоми минтақа нақши муҳим дорад. Дар баробари ин дар Қирғизистон тамоюли бисёрандешӣ рушд карда истодааст, ки яке аз дастовардҳои ҷаҳонӣ мебошад.

Оқохони чаҳорум, Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейтсария дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст. Аълоҳазрат Шоҳ Карим хатмкардаи факултаи таърихи исломи Донишгоҳи Ҳарвард буда, муассис, бунёнгузор ва сарвари "Шабакаи Рушди Оқохон" (AKDN) аст. Ӯ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони саввум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар синни 20-солагӣ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.

Лентаи хабарҳо
0