Тоҷирони Узбакистон хостори ҳамкорӣ бо Тоҷикистон шуданд

© Sputnik / Wong Maye-EСалом кардан. Акс аз бойгонӣ
Салом кардан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони Узбакистон бо ибтикори шахсӣ аз шаҳри Хуҷанд ва Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан карданд, ки нишони тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар мебошад.

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Ҳайати Узбакистон аз вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикисмтон боздид кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти маъмурияти шаҳри Хуҷанд.

Дмитрий Попов, роҳбари маркази тадқиқотии Донишгоҳи Урал. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: мухолифоти Душанбе ва Тошканд ба амнияти минтақа хатар дорад

Сафари мазкутр бо ибтикори ҷониби Узбакистон анҷом дода шуд, ки нишони таҳкими ҳамкориҳои байни ду кишвари ҳамсоя мебошад, қайд карданд дар маъмурияти шаҳрӣ.

Дар доираи сафари дурӯза соҳибкорони Узбакистон аз шаҳри Хуҷанд ва Исфара дидан карданд.

Зиёда аз 30 нафар сошибкори водии Фарғона бо дастовардҳои иқтисодии тоҷикони шимол, аз ҷумла бо кори корхонаҳои саноатии вилояти Суғди Ҷумҳурии  Тоҷикистон шинос шуданд.

Дар баробари ин меҳмонон аз Узбакистон дар чорабинии фарҳангӣ дар осорхонаи Шайх Камоли Хуҷандӣ иштирок карданд.

Лентаи хабарҳо
0