ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Мушкилоти амният дар Афғонистон вазъиятро дар Узбакистон, Туркманистон ва Тоҷикистон боз ҳам шиддатнок мегардонад, изҳор дошт намояндаи махсуси президенти Русия оид ба Афғонистон, директори дипартаменти ВКХ Русия Замир Афғонов.
"Албатта, Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки худ ғарқи мушкилиҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиянд мушкилот зам мекунад ва онҳо маҷбур мешаванд барои таъмини амният дар сарҳад бо Афғонистон маблағи иловагӣ сарф кунанд. Дуюм ин, ки дар ҳамаи кишварҳои номбаршуда, "сутуни панҷум"-шарикони Давлати Исломӣ ва дигар гурӯҳҳои муташакили ҷиноятпеша мавҷуд аст, ки дар навбати худ метавонанд аз ҷониби ин гурӯҳҳо аз дохили Афғонистон дастгирии идеологӣ ва ҳарбӣ бигиранд",-гуфт Кобулов зимни нишасти хабарӣ дар МИА "Россия сегодня".
"Маълум аст, ки тавассути сарҳади Афғонистон ба Тоҷикистону Туркманистон дохил шудану берун баромадан ҳамоно идома дорад. Албатта дар Тоҷикистон ин корро кардан наонқадар осон аст, чун қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар хуб обутоб ёфтаанд ва дар баробари ин дар Тоҷикистон пойгоҳи 201-уми Русия мустақар аст. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, тавассути роҳҳои кӯҳӣ, дарраҳо, чашмаҳо ҳамоно натанҳо ба Тоҷикистон, балки дуртар ба Қирғизистон низ террористон метавонанд роҳ ёбанд",-илова кард ӯ.
Ба қавли Кобулов дар Туркманистон бошад вазъият мушкилтар аст, чун сарҳад васеъ буда, дифо ва назорати он барои қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар наонқадар осон аст.