Аввали ҳафта ҳарорат дар Душанбе нисбатан гармтар боқӣ мемонад: рӯзи душанбе дар пойтахт ҳарорати ҳаво +25 ташкил медиҳад, рӯзи сешанбе бошад +24, аммо каме боришот ҳам ба назар мерасад.
Сокинони шаҳри Душанбе бояд дар рӯзҳои боқимондаи ҳафта либосҳои гармтари хешро омода намоянд. Тибқи маълумоти маркази ҳавосанҷӣ рӯзи ҷумъа ҳарорат дар шаҳр +13-ро ташкил медиҳад.
Дар дигар шаҳрҳои Тоҷикистон низ ҳарорат пасттар мешавад. Дар Хуҷанд+14, дар Панҷакент+13, дар Хоруғ +15. Фақат дар шаҳри Кӯлоб+18 ва Қӯрғонтеппа +21 ҳарорати ҳаво нисбатан гармтар хоҳад боқӣ монд