Обу ҳаво дар Тоҷикистон тӯли ҳафта: тирамоҳ "наздик мешавад"

Обуна шудан
Ин ҳафта ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон каме пасттар мешавад

Аввали ҳафта ҳарорат дар Душанбе  нисбатан гармтар боқӣ мемонад: рӯзи душанбе дар пойтахт ҳарорати ҳаво +25 ташкил медиҳад, рӯзи сешанбе бошад  +24, аммо каме боришот ҳам ба назар мерасад.

Сокинони шаҳри Душанбе бояд дар рӯзҳои боқимондаи ҳафта либосҳои гармтари хешро омода намоянд. Тибқи маълумоти маркази ҳавосанҷӣ рӯзи ҷумъа ҳарорат дар шаҳр +13-ро ташкил медиҳад.

Дар дигар шаҳрҳои Тоҷикистон низ ҳарорат пасттар мешавад. Дар Хуҷанд+14, дар Панҷакент+13, дар Хоруғ +15. Фақат дар шаҳри Кӯлоб+18 ва  Қӯрғонтеппа +21 ҳарорати ҳаво нисбатан гармтар хоҳад боқӣ монд

Лентаи хабарҳо
0