Эмомалӣ Раҳмон дар Ереван даҳ санади нав ба имзо расонид

Обуна шудан
Дар мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ва Серж Саргсян маҷмуи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Арманистонро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik.Бегоҳии рӯзи 13- уми октябри соли равон дар шаҳри Ереван мулоқоти  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Президенти Арманистон баргузор гардид,  хабар медиҳад хадамоти матбуоти перзиденти ҶТ.

Дар мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ва Серж Саргсян маҷмуи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Арманистонро баррасӣ карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба Арманистон рафт

Ҷонибҳо ҳамкориҳои ин ду давлатро дар доираи  Созмони Миллали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Амнияту ҳамкории Аврупо ва Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ баҳои баланд доданд, менависад хадамоти матбуот.

Президентон таъкид доштанд, ки мехоҳанд муносибатҳои ин ду кишварро густариш бахшанд.

 "Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Арманистон барои дастгирии узвияти Тоҷикистон дар Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва расонидани кӯмак дар кори таҳкими сарҳади ҷанубии  Тоҷикистон дар доираи  Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуд",- омадааст дар хабар.

Муносибатҳои Тоҷикистон ва Арманистон дар заминаи беш аз 30 санади ҳамкорӣ, дар соҳаҳои гуногун суръат мегирад.

Манбаъ дар бораи ба имзо расидани боз 10 санади дигар аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон ва Серж Саргсян хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо аз вазъи Афғонистон, ҳифзи сарҳади байнидавлатӣ, мубориза бар зиди терроризму экстремизм ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир сухан карданд.

Хотиррасон мекунем, ки Эмомалӣ Раҳмон санаи 13-уми август пас аз вохӯрӣ бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон сафар кард.

Лентаи хабарҳо
0