Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба Арманистон рафт

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон сафар кард.

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз пас аз вохӯрӣ бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ба Арманистон сафар кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раси ҷумҳур.

Бино ба иттилои манбаъ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

"Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро  вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, вазири мудофиа Шералӣ Мирзо, котиби Шӯрои амният Абдураҳим Қаҳҳоров ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд",-омадааст дар иттилоия.

Лентаи хабарҳо
0