Ба тоҷикони озими Русия ёддошт дар бораи дарёфти ҷои кор медиҳанд

© Д. Саъдуллоев, МФОККиКПМуҳоҷирони озими Маскав. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирони озими Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба мусофироне, ки аз Тоҷикистон ва Узбакистон бо мақсади дарёфти ҷои кор озими Русия мешаванд, ёддошт дар бораи қоидаҳои буду бош дар ин кишварро медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Шурӯъ аз тирамоҳи соли 2016 дар хатсайрҳои Тоҷикистон, Узбакистон-Маскав, ба муҳоҷирон ёддошт дар бораи қоидаҳои дарёфти ҷои кори қонунӣ паҳн карда мешавад, хабар медиҳад Sputnik Узбекистон, бо такя ба хадамоти матбуоти Маркази бисёрфунксионалии Маскав.

Маълумотномаҳои суратдор ба мусофироне, ки ба Русия барои пайдо кардани ҷои кор равон мешаванд бо ду забон-забони тоҷикӣ ва узбакӣ пешниҳод карда мешаванд.

Маркази муҳоҷират. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Назарсанҷӣ: шаҳрвандони Русия ба муҳоҷирон одат кардаанд

Дар 10 хатсайр аз шаҳрҳои гуногуни Узбакистон ва Тоҷикистон ба Русия ҳар моҳ зиёда аз 35 ҳазор маълумотнома паҳн карда мешавад. Шумораи солонаи мусофирони ин ширкатҳои ҳавоӣ зиёда аз ним миллион нафарро таҳкил медиҳад.

Ба гуфти директори кулли Маркази бисёрфунксионалии Маскав Николай Федосеев, пешниҳоди чунин маълумот имкон медиҳад, то муҳоҷирон қабл аз ба Маскав ворид шудан бо маълумоти пурра дар бораи гирифтани патент ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ шинос шаванд.

"Маълумот аз дасти аввал имкон медиҳад, то муҳоҷирон зимни ба Русия омадан ба дасти қаллобоне, ки патенти қалбакӣ пешниҳод мекунанд наафтанд",-қайд кард Федосеев.

Лентаи хабарҳо
0