БОР ба соҳаи кишоварзии Тоҷикистон $30 миллион ҷудо мекунад

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкМаблағи пулӣ. Акс аз бойгонӣ
Маблағи пулӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кӯмаки молиявӣ ба такмили низоми обёрии дарёи Панҷ, бузургтарин захираи обии ҷумҳурӣ равона карда шудааст. Бо ҳамин роҳ БОР мехоҳад дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон саҳм гузорад.

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон барои дастгирии соҳаи кишоварзӣ 30 миллион доллар ҷудо мекунад, иттилоъ медиҳад сомонаи бонк.

5 миллион доллари маблағи мазкур аз ҷониби Бунёди Ҷопон оиди паст намудани сатҳи камбизоатӣ, ҷудо карда шудааст.

Маблағи ҷудогардида барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар дарёи Панҷ истифода бурда мешаванд.

Эмомали Раҳмон бо ноиби Бонки Рушди осиё Жанг Венкай. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии минбаъдаи БОР умед дорад

Дар БОР қайд карданд, ки рушди носолими соҳаи кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо  майдони хурди заминҳои обёришаванда ба кам шудани амнияти озуқаворӣ оварда мерасонад.

Дарёи Панҷ бузургтарин ва дар баробари ин камобтарин дарёи Тоҷикистон ба шумор меравад. Кӯмаки техникӣ ва молиявӣ барои ташкили майдонҳои обёрӣ ва такмили низоми инфрасохтори обёрӣ равона крда мешавад.

Ҳамчунин дар доираи барнома ташкили комиссияи якҷояи Афғонистону Тоҷикистон дар дарёи Панҷ дар назар аст.

Лоиҳаи мазкур бо стратегияи нави шарикии БОР ва Тоҷикистон барои солҳои 2016 то 2020 роҳандозӣ мешавад.

Шурӯъ аз соли 1998, БОР барои Тоҷикистон кӯмаки умумӣ ба миқдори  1,4 миллиард доллар, қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кӯмаки техникиро тасдиқ кард.

Лентаи хабарҳо
0