ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Ба сокинони шаҳри Кӯлобт вилояти Хатлон аз номи президенти кишвар яхмоси бепул тақдим карданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии ВКД Тоҷикистон.
Аксияи яхмос аз номи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон гузаронида шуда, ба 25 солгаии истиқлолияти давлатии кишвар бахшида шудааст.
Чорабинӣ бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Дар баробари ин дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр сабқат миёни наврасон аз рӯи шоҳмот гузаронида шуд.
Қайд карда шуд, ки иштироки наврасони сершумор дар сабқатҳои шоҳмот аз тарзи ҳаёти солими шаҳрвандон ва нерӯи зеҳнии наврасони шаҳри Кӯлоб дарак медиҳад.
Ба ғолибони озмунҳо аз номи президенти кишвар ва намояндагони ташкилкуннадагони ин чорабинӣ тӯҳфаҳои қимматбаҳо тақдим карда шуд.