ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Мушкилии муҳоҷират рӯз то рӯз бештар ба Русия таҳдид мекунад, мегӯянд коршиносони Кумитаи ташаббусҳои шаҳрвандии (КТШ)Алексей Кудрин.
Кумита рӯзи панҷшанбе маърӯзаи хешро оид ба масъалаи муҳоҷират аз Русия пешниҳод намуд. Мувофиқи Омори Русия аз соли 1989-ум сар карда то соли 2014-ум аз кишвар тақрибан 4,5 млн. шаҳрвандон ба хориҷ рафтаанд, ин ҳам бошад шумораи зиёди муҳоҷирони сафаркарда ба солҳои 90-ум рост меояд. Дар 2009-ум шаҳрвандони Русия камтар ба хориҷа муҳоҷират карданд, ки 32,5 ҳзр. нафарро ташкил медиҳад. Дар тӯли чанд соли охир тамоюли зиёдшавии муҳоҷирати шаҳрвандони Русия ба хориҷ барои истиқомати доимӣ зиёд шудааст.
Мувофиқи омори хориҷа, дар соли 2015 ба кишварҳои барои шаҳрвандони Русия машҳур 1.5млн. нафар сафар кардаанд. Аммо ба ин шумораҳо шаҳрвандоне дохил намешаванд, ки ҳоло шаҳрвандии кишвари хориҷиро ба даст овардаанд.
"Барои Русия, чун кишваре, ки аҳолии кам дорад(зичии миёнаи аҳолӣ 8 нафарро ба як километри мараббаъ ташкил медиҳад) муҳоҷират ба захираҳои демографӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва зеҳнӣ зарари ҷиддӣ меорад",- хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба кумита.
Киҳо муҳоҷират мекунанд?
Мувофиқи баҳодиҳии КТШ дар таркиби муҳоҷирон шумораи шаҳравандоне зиёд гардидаант, ки аз ҳисоби фоидаҳои маблағҳои амонатӣ даромад ба даст меоранд. Аз ҳамин ҷо ба хулоса меоем, ки сабаби муҳоҷират аз Русия на танҳо маблағ, балки тиҷоратҳои ширкатҳо ва фирмаҳо мебошад.
Ба ақидаи коршиносон поён фаромадани сатҳи зиндагонии шаҳрвандони Русия, барои ҷовонон огоҳиест, ки ояндаи хешро дар хориҷа ҷустуҷӯ мешаванд.
Тӯли солҳои 2011-2015 мувофиқи маълумоти омори хориҷа таркиби муҳоҷирони Русия ҷавонтар мегардад. Сатҳи маълумотнокӣ аз ҳисоби ҷалб намудани ҷавонони маълумоташон олӣ ба хориҷа, дар кишвар поён мешавад. Шумораи муҳоҷирони ҷинсашон зан бошад чун пештара аз мардон зиёдтар боқӣ мемонад. Ҳамин тавр қисми зиёди заноне, ки ба хориҷа сафар намуданд, бо мақсади оила барпо намудан муҳоҷират карданд. Барои мисоли соли 2004-ум ба ИМА 1,8 ҳзр. арусон бо фарзандонашон сафар карданд.
"Ҷараёни муҳоҷират дар рушди кишвар нишондодҳои баланди захираи инсонӣ дорад, ки аз ҳисоби муҳоҷират дар Русия пурра намешавад",- боварӣ доранд дар кумита. Коршиносон қайд мекунанд, ки қариб 30% муҳоҷирон аз ФР маълумоти олӣ ва ё олии нопурра доштанд, аммо муҳоҷироне ки ба Русия меоянд танҳо 14%-и онҳо маълумоти олӣ доранд. Мувофиқи маълумотҳои ахир қисми зиёди муҳоҷирон ба Канада(42% муҳоҷирони ба ин кишвар сафаркарда маълумоти олӣ дошатанд) США(38%, Исроил-34%), Олмон (31%) сафаркарда дорои маълумоти олӣ буданд.
Сабаби муҳоҷират — мувофиқи маълумотҳои расмии омори Русия асосан сабабҳои шахсӣ ва масъалаҳои оилвиро дарбар мегирад. Аммо маълумотҳои хадамоти иҷтимоӣ дигар сабабҳоро нишон медиҳанд: норозигӣ аз дурнамоӣ зиндагӣ, вазъи иҷтимоӣ, бехатарии шахсӣ ва иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, мегӯянд аз Кумитаи ташаббусҳои шаҳрвандӣ. Дар асоси маълумотҳои умумии пурсиши афкори умум, коршиносон хулоса мекунанд, ки шаҳрвандоне, ки дар худ мақсади сафар ба хориҷ доранд аз 8 фоиз то 23 фоизро ташкил медиҳад. Нишондодҳои аз ҳама зиёдро дар ин ҷода донишҷӯён доранд, ки қисми зиёди онҳо мақсади дар хориҷа таҳсил кардан ва ё кор карданро доранд.
Мувофиқи баҳодиҳии коршиносон дар умум ҷараёни муҳоҷират ба Чин, Ветнам ва Кореяи Шимолӣ зиёд шуд. Муҳоҷирон ҳамчунин кишварҳои алоҳидаро ба монанди Австралия, Зеландияи Навро аз худ мекунанд. Ҷараёнҳои муҳоҷират ба кишварҳои Автстралия, Британияи Кабир, Испания, Финландия ва Фаронса нисбатан устувор аст, ки ҳамасолда аз Русия ба он ҷо наздики 300-700 нафар шаҳрвандон сафар мекунанд. Аммо ба кишварҳои чун ИМА, Олмон, Исроилро қисми зиёди муҳоҷирони тамоми дунё интихоб мекунанд.
"Аз солҳои 90-ум сар карда то замони ҳозир, мувофиқи омори Русия ба Исроил тақрибан 150 ҳзр, ба Олмон 750 ҳзр, ба ИМА бошад 110 ҳзр. нафар шаҳрвандон сарфар кардаанд",- омадааст дар маъруза.
Ҳамзамон коршиносон қайд мекунанд, ки минтақаҳои ҷуғрофии муҳоҷирони Русия васеъ мегардад. Нишондодҳои муҳоҷират ба минтақаҳои наздисарҳадӣ ҳамчунин ба минтақаҳое, ки аз ҳама нишондодҳои баланди макроиқтисодӣ доранд, зиёд мешавад. Агвар дар солҳои 1992 дар байни минтақаҳои муҳоҷираткунанда аз ҳама бештар шаҳрҳои Маскав ва Санк-Петербург ба назар мерасиданд, ки муҳоҷирони он қариб 24%-ро ташкил медод, пас то соли 1999 ин миқдор ба 10 % камтар шуд. Аммо вилояти Омск бошад дар умум дар тайи 15 соли охир ба шумораи муҳоҷирони ба дигар кишварҳо сафар карда, ба ғайр аз кишварҳои ИДМ, аз Маскав ҳам боло рафтааст.
Коршиносон шумораи муҳоҷиронро ба 20 ҳзр нафар муайян намуданд. Дар миёни округҳои федералӣ нишондодҳои аз ҳама зиёд дар ноҳияҳои Шимоливу Шарқӣ ба монанди округи Кафкази шимолӣ ба назар мерасад. Барои ҳамин дар байни 25 минтақаҳои дар муҳоҷират пешқадам 7-тои онҳо минтақаҳое мебошанд, ки бо дигар кишварҳо сарҳади хушкигард доранд. Коршиносон аз ҳама бештар дар вилояти Калининград нишондодҳои баланди шиддатнокии муҳоҷиратро муайян кардаанд.
Дар минтақаҳое, ки дар онҳо рушди иҷтимоиву иҷтисодӣ ба назҳар мерасад ба монанди Санк — Петербург ва вилояти Маскав ҳоло ҷараёни муҳоҷират камтар ба назар мерасад. Аммо дар минтақаҳое, ки баръакси нишондодҳои шаҳрҳои дар боло гуфташударо доранд, ҷараёни муҳоҷират зиёд ба назар мерасад. Ҳамин тавр ҳоло ҷараёни муҳоҷират дар дохили Русия на ба кишварҳои хориҷа авҷ мегирад, балки аз як минтақаи Русия ба дигар минтақаи кишвар зиёд мешавад.