ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Тоҷикистон дар рейтинги кишварҳои ҷаҳон аз лиҳози доштани захоири тилло зинаи 67-ро намояндагӣ мекунад. Раддабандӣ ҳамасола аз ҷониби ширкати Шӯрои умумиҷаҳонӣ оид ба захираҳои тиллоӣ тартиб дода мешавад.
Ҳамагӣ ба рӯйхати рейтинг 100 кишвар дохил шудааст.
Аз байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон сеюм шуд. Чуноне таҳлилгарони ширкат мегӯянд, Тоҷикистон дар ихтиёри худ 12,3 тонна тилло ва 79,7 дарсади тамоми захоири тиллоии кишварро дорад.
Дар раддабандии ширкат пеш аз Тоҷикистон, Қазоқистон, ки дар ҷои 21-ум қарорр дорад ва Афғонистон бо намояндагӣ аз мақоми 60-ум ҷой гирифтаанд. Қирғизистон дар ҷои 83 қарор гирифта, Узбакистон ва Туркманистон дар раддабандии умумӣ дохил нашудаанд.
Дар мақоми аввалин аз ҷиҳати доштани захираҳои тиллоӣ ИМА бо доштани 8 ҳазор тонна тилло ҷой гирифтааст. Дар ҷои дуюм-Олмон бо 3,3 тонна тилло. Дар сатри сеюм Хазинаи байналмиллалии асъор ҷойгир шуда, баъди он Итолиё ва Фаронса ҷойгир шудаанд.
Русия дар раддабандӣ бо 1,5 ҳазор тонна тилло дар мақоми 7-уми рейтинг ҷой гирифтааст.