ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар давоми нимсолаи аввали соли равон корхонаҳои коркарди тиллои Тоҷикистон 2096,4 кг тилло истихроҷ намуданд, изҳор дошт вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Шавкат Бобозода.
Ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли 2015-2% зиёдтар аст.
Ба туфайли мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нави истихроҷи тиллои КМ "Зарафшон", ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон меафзояд.
"Ҳаҷми истеҳсоли нуқра дар нисбат ба нимсолаи аввали соли гузшата 1 кг зиёд шуда, 1253 килоро ташкил дод",-гуфт ӯ.
Дар ҳоли ҳозир ҳашт корхонаи дохил ва хориҷи кишвар ба коркарди тилло машғул ҳастанд.
Бино ба маълумоти вазир, маблағи бадастомада аз фурӯши тилло 1,5 млрд. сомонӣ, аз ҷумла содирот 1 млрд. сомониро ташкил додааст.
Дар баробари ин қайд гардид, ки аз ҳаҷми умумии тиллои истеҳсолшуда дар ним сол 1,5 тоннааш ба корхонаи «Зарафшон» рост омада, 70,3%-и тиллои истихроҷшуда дар дохили кишвар ба фурӯш рафтааст, ки харидорони асосӣ Вазорати молия ва Бонки миллии ҷумҳурӣ мебошанд.
Айни замон дар Тоҷикистон се корхонаи бузурги истихроҷи тилло — корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин, «Тиллои тоҷик» ва корхонаи муштараки «Апрелевка»-и Тоҷикистону Канада фаъолият мекунанд.