Дар ИМА аввалин ҷаласаи Шӯрои тироҷатии ИМА-Тоҷикистон баргузор гардид

© пресс-служба МИД РТҶаласаи аввалини Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Ҷаласаи аввалини Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷонибҳо ба кори ҷаласаи Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон, ки дар оянда ба рушди соҳаҳои тиҷоратии кишвар равона мешавад, баҳои баланд доданд.

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik.  Ҳайати Тоҷикистон рӯзҳои охири ҳафтаи гузашта  дар ҷаласаи Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон ширкат варзиданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ҷониби Тоҷикистонро  ҳайати расмии кишвар Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, сафири ҶТ дар ИМА Фарҳод Салим ва дигарон намояндпагӣ карданд.

Бозори Шоҳмансур дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Назар: хатмкунандагони донишгоҳҳо бештар дар тиҷорат муваффақ мешаванд

Ҳайати ИМА аз директори бахши робита бо ҷомеа ва рушди тиҷорати байналмилалии ширкати кишоварзии "AGCO", раиси Шӯрои мазкур  — Филип де Леон, ёвари намояндаи тиҷоратии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ-Майкл Делейн ва дигарон иборат буд.

Намояндагони ҶТ бо ҳайати доираҳои тиҷоратии ИМА оид ба талошҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри эҷоди фазои мусоиди сармоягузорӣ, кафолатҳо барои сармоягузорони хориҷӣ ва соҳаҳои муҳими иқтисодиёт муфассал маълумот манзур намуданд. Ҷонибҳо таъсиси Шӯрои мазкурро барои густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни ИМА ва Тоҷикистон баланд арзёбӣ карда, омодагии хешро ҷиҳати вусъат додани фаъолияти Шӯрои тиҷоратӣ изҳор намуданд.

Лентаи хабарҳо
0