ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik.Дар доманакӯҳҳои қаторкӯҳи Қаршитоғ дар машқгоҳи Ляур қисми ҳарбии иктишофии пойгоҳи 201-уми Русия машқ мекунанд.
Ба ҳарбиён дар шароити ҳаракат намуданро меомӯзонанд.
"Сарбозон ва афсарон малакаи қаблан омӯхтаашонро —аз худ намудани дараҳои кӯҳӣ, ҳаракати пинҳонӣ дар кӯҳҳо ва наҷот додани зарарбардоштагон дар таҷриба истифода мебаранд",- гуфт ба РИА Новости афсари хадамоти матбуоти Округи марказии ҳарбӣ Николай Беркалов.
Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки яке аз давраҳои мушкилтарини тайёрӣ ин фаромадан аз нишобии ростфаромада мебошад, ки аз ҳарбиён иродаи қавӣ ва омодагии ҷисмониро талаб мекунад.
Машқҳо оид ба омӯзиши кӯҳ дар маҳалли релефаш мураккаб бо истифодаи таҷҳизоти кӯҳнавардии махсус суръат мегирад.
Пойгоҳи низомии 201-ум мустақар дар шаҳри Душанбе ва Қурғонтеппа мебошад ва пойгоҳи калонтарини Русия ба ҳисоб меравад, ки дар хориҷа гузошта шудааст.