ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дар шаҳри Ваҳдат мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба дзюдо баргузор гардид. Дар сабқат намояндагони кишварҳои гуногун аз ҷумла Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон, Русия, Ҷопон, Итолиё, Куба, Ӯзбакистон, Украина ва Афғонистон иштирок доштанд.
Ҷойи аввалро дар мусобиқа варзишгари украинӣ Станислав Бондаренко ба даст овард. Медали нуқрагиро мубориз аз кишвари Куба Гарсия Мендоз ва медалҳои биринҷиро ду варзишгар аз кишвари Ӯзбакистон- Муҳсин Қосимиддинов ва Абдулло Тангриев ба даст оварданд.
Ғолиби мусобиқа ба маблағи 56 ҳзр. сомонӣ тӯҳфа гирифт. Барои ба даст овардани ҷойҳои дуввум ва саввум варзишгарон- 23 ва 16 ҳзр. сомонӣ маблағи тӯҳфапулӣ ба даст оварданд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта мусобиқа дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд. Ғолибиятро дар мусобиқа варзишгари тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, ки дар давраи ниҳоӣ ба варзишгари украинӣ Александр Ваховяк ғолиб омад, ба даст овард. Медалҳои биринҷиро дзюдочии тоҷик Фирдавс Насимов ва варзишгар аз Куба Энди Сантяго Алварес ба даст оварданд.