Комроншоҳи Устопириён: пас аз тӯй ба мусобиқа меравад

© AP / Dita AlangkaraКомроншоҳи Устопириён. Акс аз бойгонӣ
Комроншоҳи Устопириён. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Моҳи октябрро дзюдочии тоҷик фаъолона мегузаронад. Ӯро дар пеш мусобиқа дар Тоҷикистон интизор аст, пасон ба Ӯзбакистон меравад ва дар Аморати муттаҳидаи араб низ ба мусобиқа мебарояд.

ДУШАНБЕ, 2 окт. — Sputnik.Дзюдочии машҳури тоҷик Комроншоҳи Устопириён, ки ба наздикӣ оиладор гардид, дар мусобиқаи байналмиллалӣ ширкат меварзад. Чуноне ки маълум гардид, барпо намудани оила ба вай халалдор намешавад, ки иштироки хешро дар мусобиқаҳои байналмиллаӣ давом диҳад.

Комроншоҳи Устопириён. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дзюдочии ҷавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён оила барпо намуд

Ҳоло давраи мусобиқаҳои дзюдо фаро расидааст- пас аз бозиҳо дар Рио- 2016 варзишгаронро боз якчанд бозиҳои калон, аз ҷумла дар сатҳи байналмиллалӣ интизор аст. Ҳоло устоди дзюдои тоҷик  на танҳо барои мусобиқаи Ҷоми президенти Тоҷикистон тайёрӣ дида истодааст, ки санаи 5-уми октябр баргузор мешавад, балки ба чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ тайёрӣ мебинад. Аз ҷумла, санаҳои 6-8 октябр дар Ӯзбакистон мусобиқаи силсилаи Гран-При — Тошканд-2016 баргузор мешавад. Санаҳои 28-30-уми октябр бошад дар Абудабӣ боз як мусобиқаи калони дигар- Grand Slam Abu Dhabi 2016 баргузор хоҳад шуд.

Дар як вақт фонди мукофотии 4-уми Ҷоми президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо низ маълум гардид.  Имсол мусобиқаи 4-ум оид ба дзюдо дар шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад.

Имтизор меравад, ки дар мусобиқа намояндагони 20 давлат ширкат меварзанд. Барои ҷоиза варзишгарони синну солашон аз 18сола боло дар вазни мутлақ баромад мекунанд. Дар умум даҳ варзишгарони тоҷик аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа баромад мекунанд. Чуноне ки интизор меравад фонди мукофотии мусобиқа, 25 ҳзр. долларро ташкил медиҳад. Гирандаи ҷойи аввал ба 7 ҳзр доллар, ҷойи дуввум- 4 ҳзр. доллар ва ҷои саввум ба 2 ҳзр. доллар мукофотонида мешавад.

Соли гузашта мусобиқа дар саҳнаи Қасри теннис дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ду сол паси ҳам аст, ки ғолиби ин чорабинӣ варзишгари тоҷик- Муҳаммадмурод Абдураҳмонов мегардад, ки ҳарифи худро- аз давлати Белорусия — Александр Ваховяк мағлуб гардинидааст. Медали бринҷиро дар ин мусобиқа Фирдавс Насимов аз Тоҷикистон ва Энди Сантяго аз давлати Куба ба даст оварданд.

Лентаи хабарҳо
0