Дар Ӯзбакистон масҷидро ба номи Ислом Каримов гузоштанд

© Фото : Из личного архива Абу Муслима / Гузариш ба медиабонкДар Тошканд масҷид ба номи Ислом Каримов ифтитоҳ гардид
Дар Тошканд масҷид ба номи Ислом Каримов ифтитоҳ гардид - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Меҳмонони масҷиди ба номи “Ислом - ота”(Ислом- падар)-ро бо мева ва хӯроки миллӣ- оши палав ва самбуса меҳмондорӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дар шаҳри Тошканд маросими ифтитоҳи масҷиди "Ислом-ота", ки ба хотири Ислом Каримов тағийри ном карда шудааст, баргузор гардид, хабар медиҳад Sputnik Узбекистан.

Маросими ифтитоҳ дар фазои идона баргузор шуд- мизҳои чорабиниро дастаҳои гули садбарг ва сабади мева оро медоданд. Ба меҳмонон хӯроки миллии оши палав ва самбӯса пешниҳод намуданд.

Бинои парлумони Ӯзбакистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ӯзбакистон мехоҳад номи Ислом Каримовро абадзинда гардонад

Пештар хабар дода шуда буд, ки дар Ӯзбакистонро масҷидро бо номи президенти марҳум номгузорӣ мекунанд.

"Бо пешниҳоди уламо ва оммаи васеъ қарор қабул гардид, ки ба хотири аввалин перзиденти Ӯзбакистон масҷид ба номи Ислом-ота тағир ном карда шавад",- менависад духтари президент Лола Каримова- Тиллоева.

Президенти аввалини Ӯзбакистон Ислом Каримов санаи 2-уми сентябр дар синни 78-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯро дар зодгоҳаш дар шаҳри Самарқанд ба хок супориданд.

Лентаи хабарҳо
0