ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik, Анастасия Лебедева. Шаби эҷодии актёри советии театр ва кино, коргардони кино, Ҳунарманди халқии РСФСР Сергей Никоненко, ки ба наздикӣ дар Душанбе баргузор шуд, эҷодкорон ва тамошобинонро ба ваҷд овард.
"Мухлисон маро аз саҳна дур шудан намемонданд. Ин барои ман мувафақият калон ба ҳисоб меравад- чорабинӣ ба мо ҳам писанд омад ва ҳам мухлисонро шод гардонид",- эҳсосоти худро бо Sputnik Таҷикистон мубодила намуд, Никоненко.
Аз сабаби надоштани фурсат Николенко натованист аз шаҳр дидан намояд, аммо он манзараеро, ки дида тавонист, ба вай таассуроти калон бахшид.
"Ба ин шаҳр ман бори аввал соли 1952-ум омада будам. Ин дафъа бошад Душанберо шинохта натавонистам. Ба он нигоҳ накарда, ки ман шаҳрро хуб медонам, ман Душанберо нашинохтам",- мегӯяд Николенко.
Ҳунарманд нақл мекунад, ки қисми зиёди бинандагон хостори ташрифи дубораи Никоненко ба Душанбе шуданд.
"Онҳо хело хоҳиш намуданд, ки мо бори дигар ба Душанбе биёем ",- илова намуд вай.
Никоненко мегӯяд, ки дафъаи дигар ба Тоҷикистон ояд аз дигар шаҳрҳои ин мантақаи офтобӣ низ дидан хоҳад кард.
Дар саҳнаи Театри академикии давлатии опера ва болети ба номи Садриддин Айнӣ ба сокинони шаҳри Душанбе барномаи композитсияи мусиқиву адабии "Бессмертный полк"(Қушуни абадзинда) баргузор шуд.
Никоненко якҷоя бо дуэти "Другой мир"(Ҷаҳони дигар)- бо иштироки артисти хизматнишондодаи Русия Александра Марчаковская ва лауреати озмунҳои байналмиллалӣ Антон Жуков баромад намуд.