Сергей Никоненко: Тоҷикистон-ватани мардони бузург

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкҲунарманд ва коргардон Сергей Никоненко. Акс аз бойгонӣ
Ҳунарманд ва коргардон Сергей Никоненко. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 6 октябр дар шаҳри Душанбе шоми эъҷодии ҳунарманди ИҶШС Сергей Никоненко баргузор мешавад. Ҳунарманди машҳур сурудҳои солҳои ҷанг ва дигар эъҷодиёташро пешниҳоди ҳаводоронаш мегардонад.

Хабарнигори  Sputnik Лев Рыжков бо ҳунарманди машҳур дар тамос шуда, пурсид, ки барои сокинони пойтахти Тоҷикистон чи гуна сюрприз омода намудааст, ва чи чизе худи ӯро бо Тоҷикистон мепайвандад.

"Полки ҷовидон" дар Душанбе

Рӯзи 6-уми октябр барои сокинони шаҳри Душанбе барномаи консертии "Полки ҷовидон", ки ба насли ғолибон бахшида шудааст намоиш дода мешавад. Шеърҳои Константин Симонов, Александр Твардовский ва сурудҳои солҳои ҷанг дар ин барнома пешниҳоди тамошобинон мегарданд.

"Ба Душанбе бо ман боз ду мусиқачии дигар-Александр Марчаковский ва Антон Жуков сафар мекунанд,-гуфт Сергей Никоненко. —Ҳардуяшон ҳам дорандагони ҷоизаҳои озмунҳои байналмилаллӣ мебошанд. Шоми эъҷодиамон аз ҷониби Россотрудничество-ташкилоти бузурге, ки барои русзабонони дигар кишварҳо маҳфилҳои ба ҳамин монандро ташкил мекунад, пешниҳод мегардад".

Бояд қайд кард, ки барномаи "Полки ҷовидон" нав омода шуда, сокинони шаҳри Душанбе тамошобинони аввалини ин барнома хоҳанд буд.

Замини шоирони барҷаста

Сергей Никоненко чандин маротиба ба Тоҷикистон рафтааст ва на танҳо ба сифати меҳмон.

"Шурӯъ аз соли 1964-ум ман дар Тоҷикистон дар якқатор филмномаҳо бозӣ кардаам,-ба ёд меорад ҳунарманд. —Аз ҷумла филми "Замони сулҳ", "Ваколатдорони инқилобчӣ", "Шикорчӣ аз Минархар", "Иловагӣ ба роҳи дуюм ҳозир мешавад", "Хобҳои хирси Михаил" ва ғайраҳо.

Сергей Никоненко доиман бо муҳаббати хос натанҳо Тоҷикистонро, балки одамонеро, ки вақтҳои қабл дар ин замини муқаддас бо онҳо кор карда буд, ба ёд меорад.

Нависанда Андрей Волос. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нависандаи рус Рӯдакиро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард

"Ман дар Тоҷикистон дӯстони зиёде дорам, ки бо онҳо доман дар тамос ҳастам ва аз вохӯрӣ бо онҳо шодам,-нақл кард ҳунарманд. —Ин Валерий Аҳадов ва Саидо Қурбонов. Ҳамчунин Шӯҳрат Эргашев, ки бо ӯ мо ҳамроҳ дар филми "Иловагӣ ба роҳи дуюм ҳозир мешавад", ки соли 1986 ба навор гирифта шуд бозӣ кардем. Дар Тоҷикистон маро доимо гарм истиқбол мекунанд. Ман зиёд ба меҳмониҳо мерафтам, бо оилаҳои дӯстонам, ки аксарашон серфарзанд буданд шинос мешудам. Бароям ҳамеша ба Тоҷикистон рафтан шодии хоса аст".

Дар баробари ин ҳунарманд дар Тоҷикистон ҷойҳои дӯстдоштаи худро низ дорад.

"Ин Дараи Варзоб. Помир, ки он ҷо мо филми "Замони сулҳ" —ро ба навор гирифта будем. Ин деҳаи Дӯстӣ. Шаҳри Тирмиз дар сарҳад бо Афғонистон-номбар мекунад, Сергей Петрович. —Ман ҳеҷ гоҳ киностудияи "Тоҷикфилм" ва коргардон-Борис Кимёгаровро, ки дар филмҳояш нақш офаридаам, фаромӯш намекунам. Ин шахсе буд, ки маро бо ин кишвари афсонавӣ, ватани шоирони бузург-Рӯдакӣ, Насимӣ, Саъдӣ, Фирдавсӣ, Умар Хайём шинос кард".

Лентаи хабарҳо
0